Туркманистон барои бастани "Дарвозаи дӯзах" аз Амрико кӯмак хостааст
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба мақомҳои Туркманистон дастур додааст, ки оташсӯзӣ дар як чоҳи нафт дар минтақаи Қароқуми он кишварро хомӯш созанд. Пеш аз ин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар соли 2010 чунин дархостеро бо коршиносон матраҳ карда буд, аммо онҳо ба ин кор муваффақ нашуданд.