Нархи бензин дар Қирғизистон гаронтар мешавад
Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон мегӯяд, давоми ду моҳи оянда нархи чаканаи як литр бензин 5-6 сом гаронтар хоҳад шуд.
"Бозигарони калидии бозор аз моҳи январи соли 2023 то ба имрӯз нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро дар нуқтаҳои фурӯш барои як литр бензин 7-8 сом ё 13% поин овардаанд. Имрӯз тоҷирони маҳаллии нафт маҷбуранд, ки дар давоми ду моҳ нархи чаканаи бензинро 5-6 сом барои як литр тадриҷан боло баранд", - омадааст дар иттилоияи эътилоф.
Як литр бензини навъи АИ-92 имрӯзҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Бишкек 54-55 сом фурӯхта мешавад.
Қирғизистон 95 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад.