Сабаби бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ аст? ВИДЕО
Маъракаи васеъ зидди муҳоҷирон ва ҳам латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Такрори ба маротиб бузургтари ҳодисаҳои соли 2011. Ба гуфтаи яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, “шикори тоҷикон дар Русия”. Чӣ шуд? Чаро чунин маъракае пеш омад? Як равиши муқаррарӣ аст ё воқеан маъракаи бузург?