“Эй кош, як бор занг мезад...” Шаҳром куҷо шуд. Чаро кӯдакону наврасон гум мешаванд?
Хонаводае дар ноҳияи Восеъ беш аз 20 рӯз боз фарзанди 15 солаашонро ҷустуҷӯ доранд. Наздикон аксҳои ӯро аз Восеъ то Душанбе дар сутуну деворҳо часпонда, шабу рӯз гӯш ба зангу хабаре аз яккаписари хонадонанд.