Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик даргузашт
Донишманд ва ховаршиноси шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён шаби 6 ба 7-уми июн дар сини 74-солагӣ даргузашт. Писари ин донишманди тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз дарди медаву рӯда азият мекашид.
“Солҳои 2000 ҷароҳии вазнини медаву руда гузаронида буд. Инчунин якуним соли пеш лар Туркия аз сараш ҷарроҳӣ шуд. Ҳамин бемориҳо буд. Як ҳафтаи ахир бемор шуд ва бо ҳамин ба худ наомад ва шаб моро тарк кард. Сабаби марги падар ҳамин азияти медаву рӯда аст",-гуфт писари донишманд.
Зафар Мирзоён, чанд сол ба ин тараф дар донишгоҳи Кӯлоб ба ҳайси мушовири раиси донишгоҳ кор мекард. Ӯ пеш аз ин раҳбарми маҳфили «Шоҳномахонӣ» буд. Инчунин солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи донишгоҳи Кӯлоб ба донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс гуфтааст. Ӯ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст.
Ҳоло аз донишманд 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз - омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) мондааст. Ӯ ҳамчунин то рӯзи марг раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар минтақаи Кӯлоб буд.
Қарор аст, ҷанозаи донишманд Зафар Мирзоён имрӯз, чоршанбеи 7-уми июн дар зодгоҳаш ноҳияи Ховалинг баргузор шавад.