Ҷанҷол барои дарахт дар Суғд то ба додгоҳ рафт. ВИДЕО
Як кишоварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иддао дорад, ки додгоҳ беасос ӯро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ ҷаримаи калон баст. Ҳоло хонаводаи Қурбонбой Бобоҷонов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурда ва хоҳони ҳукми одилона шудаанд.