Ҷанҷол барои дарахт то ба додгоҳи Ғафуров рафт
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Худаш иддао дорад, ки ҳукм ноодилона аст, чун ӯ гуноҳе надорад. Зоҳиран баҳс, ки исми як мақомдори тоҷик ҳам ба он пайванд мехӯрад, акнун дар зинаҳои болоии додгоҳ идома меёбад.