Блинкен ба Чин сафар кард
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мардумии Чин рафт.
Ин аввалин сафари як мақоми баландпояи Амрико дар панҷ соли ахир ба Чин аст.
Блинкен рӯзи 18-уми июн бо Тсин Ган, вазири корҳои хориҷии Чин дидору мулоқт кард ва эҳтимол бо раҳбари ин кишвар низ суҳбат кунад.
Сафари Блинкен моҳи феврали имсол барномарезӣ шуда буд, вале пас аз онки ИМА дар фазои худ як ҷисми шабеҳи пуфаки бузург, ки ба Чин таалуқ дошт, сарнагун кард, ин сафар лағв шуд.
ИМА он замон гуфт, ки дар ин пуфак дастгоҳи ҷосусӣ насб шудааст ва барои ҷосуси вориди фазои кишвар шудааст. Чин инро рад карда буд.
Ҷо Байден, президенти ИМА низ қаблан гуфта буд, ки нияти вохӯрӣ бо раҳбари Чинро дорад.
Муносибати ИМА бо Чин бар сари Тайван сард шудааст.
Чин ҷазираи Тайванро хоки худ медонад, вале кишварҳои ғарбӣ онро як минтақаи мустақил ҳисоб мекунанд ва аз он дифоъ мекунанд.