"Дар Тоҷикистон ҷанг нест, аммо паноҳҷӯён зиёданд"
20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён аст. Рӯзи онҳое, ки аз бими озору азият ва даргирӣ кишвари худро тарк кардаанд. Барои Тоҷикистон, ки ҷанги дохилиро таҷриба кардааст, паноҳҷӯйӣ ҳанӯз мавзӯи рӯз аст. Ҳоло ҳам монанди 30 сол пеш садҳо шаҳрванди кишвар аз тарси пайгард хонаҳои худро тарк мекунанд.