Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Русия
Дар як корхонаи ноҳияи Жигалови вилояти Иркутски Русия рӯзи 23-уми июн миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон занозании гуруҳӣ рух додааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар ин занозанӣ бештар аз 500 кас иштирок кардааст. Сафорати Қирғизистон дар Русия бо қирғизистониҳои дар ин занозанӣ зарардида тамос гирифтааст. Ба иттилои сафорат, 5 қирғизистонӣ ҷароҳат бардоштаанд, ки як тани онҳо бистарӣ шудааст.
Сафорат мегӯяд, мақомоти Русия тафтишотро шуруъ кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ҳодиса то ҳол изҳори назар накардааст.
Ин бори аввал нест, ки миёни зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия занозанӣ рух медиҳад. Пештар аз ин дар моҳи январи соли 2022 занозание миёни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ рух дода буд, ки дар натиҷа 2 шаҳрванди Узбекистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон захми корд бардоштанд.
Соли 2022 мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки расман 1 миллиону 118 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар хориҷ муваққатан истиқомат ва кор мекунанд. Бештарин онҳо дар Русия ҳастанд.