Назари тоҷикон дар бораи ошӯби Вагнер
Дар Тоҷикистон суҳбатҳо дар инҷову онҷо дар бораи ошӯби гуруҳи "Вагнер" идома дорад, ки мухолифатҳо дар дохили ҳукумат ва низомиёни Русияро нишон дод. Азбаски хонаводаҳои зиёди тоҷик дар Русия як ё ду муҳоҷир доранд, таваҷҷуҳ ба ин таҳаввулоти нохушоянд барои Маскав зиёд аст.