Кушта шудани беш аз ҳазор ғайринизомӣ дар ҳукумати Толибон
Бино ба як гузориши тозаи Созмони Милал, баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, бештар аз ҳазор ғайринизомӣ дар ҳамлаву бомбгузориҳо кушта шудаанд.
Дар ин гузориш, ки Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи 27-уми июн нашр кард, омадааст, аз рӯзи 15-уми августи соли 2021 то моҳи майи имсол 1095 нафар ғайринизомӣ талаф ёфтаанд ва тақрибан 2700 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ба маънии идома ёфтани нооромӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст.
Аксарияти талафшудагон, яъне 700 нафар дар натиҷаи таркиши бомбҳои худсохт ва ё бомбгузориҳои маргталабона дар маконҳои умумӣ, ба мисли масҷиду мактаб ва ё бозорҳо ҷон додаанд.