Як мард дар Бухоро барои буридани 16 дарахт $100 ҷарима шуд
Дар Бухоро барои сохтани як бино 16 дарахтро буридаанд. Мардеро, ки масъули буридани дарахтон буд, 1,35 млн сӯм ё бештар аз 100 доллари ИМА ҷарима бастанд. Ин дар ҳолест, ки зарари расонидаи вай ба табибат 259 млн сӯм ҳисоб шудааст.
Дар бораи сохтани бинои нав ва буридани дарахтон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ хабар расида буд. Он замон Раёсати муҳити зисти вилояти Бухоро буридани дарахтонро омӯхта, акнун дар бораи натиҷаи омӯзиш хабар додааст.
Ба иттилои расмӣ, марде бо ному насаби К.К. 16 дарахти тутро буридааст. Мақомот ҳаҷми зарари ба табиат расидаро 259 млн сӯм ё 22,5 ҳазор доллар гуфтанд.