"Кишвари занҳои бева". Матлаби як расонаи Чин дар бораи Тоҷикистон
Як расонаи маъруфи чинӣ омори занони бева ё худ бешавҳари Тоҷикистонро нашр карда, сабабу омилҳои ба ин ҳол гирифтор шудани онҳоро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар матлаб ба нопойдории оилаҳои нав ва нисбатан кам будани мардон ишора ва вазъи демографии Тоҷикистон ташвишовар унвон шудааст.