Ду омӯзгори Донишгоҳи Хуҷанд аз Аврупо паноҳандагӣ хостаанд. ВИДЕО
Ду устоди Донишгоҳи Хуҷанд аз хатари боздошт ва истирдод ба Тоҷикистон нигаронӣ доранд. Ҷамшед Қаноатов ва Бахтиёр Олимов, ки устодони бахши шарқшиносии ин донишгоҳ буданд, мегӯянд, мақомот онҳоро ба иттиҳоми пайравӣ аз “Ихвон-ул-муслимин”, созмони мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон айбдор кардаанд.