Фавти 4 зоири тоҷик дар мавсими ҳаҷ
Дар мавсими ҳаҷҷи имсола 4 зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ вафот карданд. Дар ин бора масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана 1-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Дар хабарномаи Кумитаи дин омадааст, ин шаҳрвандон “бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб дар ҳамон ҷо дафн шуданд".
Дар бораи зоирини фавтида маълумоти бештар дода нашудааст. Радиои Озодӣ моҳи июни имсол хабар дода буд, ки яке аз зоири фавтида Абдулло Шарифов, сокини ноҳияи Мастчоҳ буд. Ӯ рӯзи 18-уми июн дар Макка ҷон дод ва ҳамонҷо ба хок супорида шуд. Ба иттилои дарёфтӣ, Шарифов гирифтори бемории дил будааст.
Солҳои гузашта низ фавти зоирини тоҷик дар Саудӣ иттифоқ меафтод. Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, соли гузашта 7 нафар дар роҳ ба умра даргузаштанд.
Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.