Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Пригожин мегӯяд, "Вагнер" ҳоло ба нерӯ ниёз надорад, шояд дар оянда

0
Пригожин мегӯяд,

Евгений Пригожин, фармондеҳи гурӯзи муздурони "Вагнер" дар паёме савтӣ, ки рӯзи душанбеи 31-уми июл нашр шуд, гуфт, ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир нерӯ ҷамъ намекунад, вале ба эҳтимоли зиёд дар оянда ин корро хоҳад кард.

Дар пайи ошӯби муздурони "Вагнер" зидди фармондеҳони баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар рӯзи 23-юми июн, сарнавишти ин гурӯҳ ва фармондеҳи он Евгений Пригожин ба норушанӣ рубару шуда буд ва Кремл эълон кард, ки зархаридони "Вагнер" ба Белорус хоҳанд рафт.

Бо вуҷуди суханони тунди Путин алайҳи Пригожин ва таъкиди ӯ ба муҷозоти ошубгарон, раиси ҷумҳури Русия панҷ рӯз пас аз рух додани ошуб, бо Пригоржин ва шуморе аз фармондеҳони "Вагнер" дар Маскав мулоқот кард.

Аксҳо аз нишасти ҳамкориҳои Русия ва Африқо низ, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, нишон дод, ки Евгений Пригожин дар ин нишастҳо ҳузур доштааст.

Паёми савтии Евгений Пригожин рӯзи душанбе дар канали телеграмии вобаста ба "Вагнер" нашр шуд. Ӯ дар ин паём мегӯяд, "имруз мо дар ҳоли танзими фаъолиятҳои баъдӣ ҳастем, ки нақшаи умумии он мушаххастар мешавад. Бидуни шак, ин маъмуриятҳо ба номи азамати Русия иҷро хоҳанд шуд".

Кремл пас аз ошӯби муздурони "Вагнер" эълон кард, он даста аз зархаридоне, ки дар ин шуриш ширкат надоштанд, бо Вазорати дифоъ қарордод мебанданд ва ба сафи артиши Русия хоҳанд пайваст.

Оқои Пригожин дар бахши дигаре аз паёми савтии худ, эҳтимолан бо ишора ба ин мавзуъ, гуфт, "мутаассифона" бархе аз афроди "Вагнер" ба "сохторҳои қудрат"-и дигар пайвастанд, вале тамоюл доранд ба ин гурӯҳ бозгарданд.

Ӯ афзуд, "то вақте, ки бо камбуди нерӯ рӯбарӯ нашавем, қасди ҷалби нерӯҳои навро надорем. Бо ин ҳама, аз шумо мехоҳем, ки бо мо дар тамос бошед. Ҳар вақте, ки сарзамини модарӣ ба ташкили воҳидҳои нав барои ҳифозат аз манфиатҳои кишвар ниёз дошта бошад, мо раванди ҷалби нерӯҳои навро оғоз хоҳем кард".

Пас аз ошуби муздурони "Вагнер", шуморе аз нерӯҳои ин гурӯҳ ба Белорус рафтанд ва ба назар мерасад, ки омӯзиши афроди артиши ин кишварро оғоз кардаанд.

Евгениж Пригожин ҳудуди як ҳафта пеш дар миёни муздурони ин гурӯҳ дар пойгоҳе дар хоки Белорус гуфт, ки гурӯҳи "Вагнер" барои густариши амалиёти худ дар Африқо омода аст.

Ҳузур ва дахолати низомии муздурони "Вагнер" дар кишварҳои африқоӣ, ба вижа Молӣ ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, аз муддатҳо мояи нигаронии кишварҳои ғарбӣ будааст.

Амрико "Вагнер"-ро ба куштор ва озори ғайринизомиён муттаҳам ва ин гурӯҳро ба унвони як "созмони вайронкор" таҳрим кардааст.

Евгений Пригожин иддао дорад, ки фаъолиятҳои муздурони "Вагнер" дар чаҳорчуби қонунҳои кишварҳое сурат мегирад, ки дар онҷо ҷобаҷо ҳастанд.

Ӯ аз табаддулоти низомии ҳафтаи гузашта дар кишвари африқоии Нигер истиқбол ва иддао кард, ки муздурони "Вагнер" метавонанд барои барқарории субот дар он кишвар, кӯмак кунанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»





Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о развитии завода «Москвич»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Игорь Бутман об Ирине Отиевой: “Жаль, что человека нету”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Путин: торговые отношения РФ и КНР демонстрируют иммунитет к внешним вызовам



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России