Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Иштироки 5 паҳлавони тоҷик дар "Hungary Masters-2023"

0

Панҷ паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқоти пурнуфузи устодони ҷудо «Hungary Masters-2023”, ки рӯзҳои 4-6-уми август дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шахри Будапешт баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Тибқи низомнома ба ин мусобиқоти байналмилалӣ варзишгароне даъват шудаанд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар 38-гона мавқеъ доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар «Hungary Masters-2023” инҳо дохиланд: 

 ⁃ 66 кг - Эмомалй Нуралӣ 

 ⁃ 66 кг - Обид Ҷебов 

 ⁃ 73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода 

  ⁃ 90 кг - Комроншоҳ Устопириён 

 +100кг - Темур Раҳимов.

 

Барои ширкат дар «Hungary Masters-2023” паҳлавони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ даъват шуда буд. Ӯ дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 81 кило бо 1300 имтиёз дар мақоми 13-ум қарор дорад. Вале Сомон ба Будапешт рафта наметавонад. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ин варзишгари машҳури тоҷик иҷозаи вуруд (виза) ба Маҷористон дода нашуд.

Чунон ки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқот 424 варзишгар (220 мард ва 204 зан) аз 59 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

«Hungary Masters-2023” дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медихад.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар хамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нукра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мешавад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии чаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии устодони ҷудо  “Jerusalem Masters 2022”, ки моҳи декабри соли гузашта дар Исроил доир гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Эмомалӣ Нуралӣ, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов – муаррифӣ карданд. 

Аз байни онҳо Темур Раҳимов медал ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Вай Ричард Сипоҷро аз Маҷористон шикаст дод. Дар даври севум бар Ушангӣ Кокаури аз Озарбойҷон дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ Алишер Юсупови узбекистониро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт.

Вале Темур дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Тошканд, шикаст хӯрд. Ба Саито медали тилло ва ба Раҳимов медали нуқра тақдим гардид. Зимнан, ӯ аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқоти пурнуфуз соҳиби медал шуд.





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы





Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о поддержке организаций и ИП в Белгороде


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

На летнем джазовом фестивале в Перми выступит внучка барда Юрия Визбора




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»


WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Зачистки не будет: Хазин объяснил, как Путин обновит элиту



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России