Баъд аз 20 сол ҳукми қотилони муҳоҷиронро эълон карданд
Додгоҳе дар вилояти Маскав ҳукми шаш ҳамроҳи ҷинояткори ашаддии зидди муҳоҷирон бо лақаби Тесакро содир кард. Тесак, ки номи расмиаш Максим Марсинкевич аст, бо қатли муҳоҷирон машғул буд.
Бо ҳукми додгоҳ дирӯз, 1-уми август Андрей Кайл, Семен Токмаков, Алексей Гудилин, Павел Хрулев, Максим Хотулев ва Александр Лисенков барои куштори чор муҳоҷир дар ҳодисаҳои 20 соли пеш ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон маҳкум шуданд.
Қатли ду муҳоҷири тоҷик тирамоҳи соли 2003 рух додааст, вақте бо ваъдаи кор ин ду мардикорро ба ҳавлии берунишаҳрии Марсинкевич бурда, онҳоро баъдан кушта ҷасадҳоро дар ҷангал партофтанд. Ду муҳоҷири дигарро моҳе баъд дар ҳудуди як маҳалли истироҳати туристон дар Сергиев Посади вилояти Маскав куштанд.
Қотилонро се сол пеш дастгир карданд, худи Марсинкевич сентябри соли 2020 дар боздошгоҳи Челябинск мурда пайдо шуд. Расман гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст, наздиконаш гуфтанд, аз шиканҷа мурд.
Тесак қотили ашаддӣ буд ва ба навиштаи База, як “шоумен ё намояндаи барҷастаи экстемизми русӣ” дониста мешуд.