Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ

0
Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 4-ум то 14-уми август дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш шомил аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзад.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир хоҳад шуд.

Хабаргузории БелТА иттилоъ медиҳад, ки Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ду сол пеш Беларусро макони баргузории Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар соли 2023 таъйин карда буд.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор шуда буд. 

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.

Др сабқати куштии юнониву румӣ Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило соҳиби медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило барандаи медали биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати куштии озод Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило ва Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило сазовори медалҳои нуқра гардиданд.

Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс дар вазни то 75 кило ба даст овард.

Дар сабқати куштии камарбандӣ Фирӯзҷон Зиёев дар вазни то 68 кило ва Дилшод Қурбонов дар вазни то 82 кило соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати куштии кураш Ҳоҷиакбар Тошмуродов дар вазни то 80 кило медали нуқра, инчунин Қурбоналӣ Охунов дар вазни то 75 кило ва Асадбек Зокиров дар вазни 120 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати самбо Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни то 71 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар сабқати бокси тайландӣ Бибинишастамоҳ Холова дар вазни то 60 кило миёни занон бо медали нуқра ва Амонҷон Даминов дар вазни то 71 кило миёни мардон бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳамчунин варзишгарони ҷавони тоҷик Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар сабқати тенниси рӯи миз дар рақобатҳои ҷуфти мардона медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро азони худ кард.

Ӯзбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: в ТиНАО создадут новые управы районов





Москва

Наталья Которева презентовала новый трек «Как в сериале»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Суд Петербурга взыскал 5,3 млн рублей за вздувшийся паркет в квартире Волочковой




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Shot показал кадры вероятной взятки главному кадровику МО РФ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России