Узбекистон муваққатан лимити барқ ҷорӣ мекунад
Вазорати энергетикаи Узбекистон гуфт, ба далели вазъи сангин дар маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетикӣ маҷбуранд, ки барқро дар тамоми вилоятҳои ин кишвар дар соатҳои муайяни рӯз қатъ кунанд.
Ин ниҳод афзудааст, ки иқдоми мазкур ба хотири аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво ва таъмиру бозсозиҳои анҷомшуда дар низоми энергетикии Узбекистон дар моҳи июни имсол рабт дорад.
Ба иттилои вазорат, рӯзҳои ахир ба далели гармои шадид талабот ба нерӯи барқ дар ин кишвар ду баробар афзоиш ёфта, боиси нуқсон дар хатҳои интиқолӣ ва аз кор мондани трансформаторҳо шудааст.
"Ба хотири пешгирӣ аз садамаҳо тадбири мақсаднок ин аст, ки дар як қатор хоҷагиҳо ва муассисаҳои буҷавӣ неруи барқ хомуш карда шавад", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки тақрибан дар ҳамаи ноҳияҳои Узбекистон қатъ шудани барқ мушоҳида мешавад.