"Истиқлол", "Кӯктош" ва "Равшан" - пешсафони мусобиқоти лигаи олӣ
Имрӯз, 3-юми август, нимаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ мешавад. Ду бозии даври 15-уми мусобиқот бегоҳи панҷшанбе ва се бозии дигар бегоҳи ҷумъа доир мегарданд.
3-юми август дастаҳои «Файзканд» – КМВА ва «Ҳосилот» – «Хатлон» бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. 4-уми август бошад, дастаҳои «Кӯктош» – «Истиқлол», «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол»и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко бо касби 29 имтиёз аз 13 бозӣ дар мақоми аввал аст. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (сармураббиаш Аҳлиддин Турдиев), ки баъди 14 бозӣ 25 имтиёз гирифтааст, дар мақоми дувум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб (сармураббиаш Тоҳир Муъминов), ки аз 14 бозӣ 24 имтиёз дорад, мақоми севумро соҳиб шудааст.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023
Лигаи олӣ. Даври 15-ум
3 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Файзканд» – КМВА
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиат ҶТ.
«Ҳосилот» – «Хатлон»
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ.
4 август (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Кӯктош» – «Истиқлол»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»
«Равшан» – «Хуҷанд»
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ»
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Тӯбҳо
И
1
«Истиқлол» (Душанбе)
13
9
2
2
32-6
29
2
«Кӯктош» (Рӯдакӣ)
14
8
1
5
24-19
25
3
«Равшан» (Кӯлоб)
14
6
6
2
18-10
24
4
«Эсхата» (Хуҷанд)
14
7
1
6
17-20
22
5
«Файзканд» (Восеъ)
14
5
6
3
21-16
21
6
КМВА (Душанбе)
13
4
5
4
11-8
17
7
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
14
4
5
5
12-19
17
8
«Хатлон» (Бохтар)
14
4
0
10
8-29
12
9
«Ҳосилот» (Фархор)
14
3
3
8
10-19
12
10
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
14
2
5
7
13-18
11
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд»), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 7-тӯбӣ, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 6 тӯб, Бахтиёр Зарипов («Эсхата»), Алишер Шукуров («Кӯктош») – 5-тӯбӣ.