БДА гуфт, нозирони тасодуфӣ аз кор ронда шуданд
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки нозирони тасодуфиро аз сафи кормандони ин ниҳод пеш кардаанд.
Рустам Мирзомуродзода, сардори тозатаини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи порлумонии «Садои мардум» гуфтааст, ки дар сафи кормандони ин ниҳод афроди тасодуфии зиёд пайдо кардаанд.
Ӯ аз гуфтани омори «афроди тасодуфӣ» худдорӣ кардааст, вале гуфтааст, онҳо аз кор ронда хоҳанд шуд.
Пештар БДА эълон кард, ки кормандонашро бо супориши президенти Эмомалӣ Раҳмон, , месанҷанд ва афроди нолоиқро аз кор пеш мекунанд.
Тасмими санҷиш пас аз он гирифта шуд, ки дар се моҳи ахир чанд садамаи марговари нақлиёти бо иштироки кормандони БДА сабт шуд ва дар умум садамаҳои роҳ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Аксари ронандагон нозирони роҳро барои порагирӣ ва нодида гирифтани қонуншиканиҳо дар роҳ танқид мекунанд.
Генерал, Рустам Мирзомурод гуфтааст, танҳо кормандоне дар ин ниҳод ба кори худ давом хоҳанд дод, ки рафтору гуфтори хуб доранд ва аз аз технологияҳои муосир истифода бурда метавонанд.
Рӯзе дар Тоҷикистон як нафар дар садамаҳои роҳ кушта, то се нафар маҷрӯҳ мешавад, ки ин баландтарин омор дар миёни кишварҳои собиқ шуравӣ аст.
21-уми июл майори БДА Рустам Нозимзода бо мошинаш дар шаҳри Кӯлоб як пирамарди 83 соларо пахш карда кушт.
БДА баъдан гуфт, ки се рӯз пеш аз ҳодиса ӯро дар пайи санҷиш аз кор пеш карда буданд.