Эътирози Бишкек ба латукӯби як муҳоҷираш аз сӯи пулиси рус
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба хабари латтукӯб шудани як шаҳрванди ин кишвар, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, вокуниш кардааст.
Ин ниҳод 3 август бо нашри изҳороте гуфт, сафорати Қирғизистон дар Русия бо муҳоҷири латтукӯбшудаи Қирғизистон тамос гирифта, ба ӯ кумаки лозимии ҳуқуқӣ мерасонад.
"Ҳамла ба шаҳрванди Қирғизистон 18 июли имсол сурат гирифтааст. Ҷабрдида ба сафорат муроҷиат накард, вале сафорат барои ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ чораҳои лозимиро меандешад. Сафорати Қирғизистон дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии Русия дар ин замина нота фиристодааст", - омадааст дар изҳорот.
Манбаъ афзуда, ки ҳодисаи мазкур таҳти назорати Вазорати умури хориҷӣ ва сафорати Қирғизистон қарор дорад.
Навори латтукӯби шаҳрванди Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар он дида мешавад, мусофир ронандаи таксиро, ки намегузорад, дар дохили мошин нушокии спиртӣ истеъмол кунад, латтукӯб менамояд.