Трамп гуфт, ӯро 561 сол зиндон таҳдид мекунад
Президенти пешини ИМА Доналд Трамп гуфт, бар асоси парвандаи нави ҷиноие, ки алайҳаш боз шудааст, ба ӯ 561 соли зиндон таҳдид мекунад.
Трамп ин нуктаро ба сарпарастони маъракаи пешазинтихоботии худ навишта, бори дигар маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байденро дар таъқиби ҷиноии худ муттаҳам кардааст.
"Паёмҳо нишон медиҳанд, ки дар умум ба ман 561 соли зиндон таҳдид мекунад", - навиштааст Трамп дар паёми электрони худ. Ба гуфтаи ӯ, ин муҳлат баробар ба шаш ҳабси якумрӣ аст.
Зидди президенти пешини ИМА рӯзи сешанбе иттиҳоми нав эълом шуд.
Вазорати адлияи ИМА Доналд Трампро дар талоши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи соли 2020 гумонбар эълон кард.
Дар иттиҳоме, ки эълон шудааст, Трамп ва муттафиқонаш дар таҳияи нақшаи муфассали эътироф накардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020, ки дар он Ҷо Байден баранда шудааст ва ба манфиати худ тоб додани натиҷаҳои овоздиҳӣ гумонбар дониста шудааст.
Ин парвандаи сеюми ҷиноӣ аст, ки алайҳи Трампи хостори бозгашт ба курсии президентӣ, дар Кохи Сафед эълон шудааст. Каме пештар аз эълони иттиҳом, Трамп гуфт, "як иттиҳоми дигари сохтакоришуда" дар пеш аст.