Дороии Илон Маск дар 6 моҳ $105 млрд афзоиш ёфтааст
Илон Маск, ки сарватмандтарин марди ҷаҳон эътироф шудааст, дар шаш моҳи соли равон 105 миллиард доллар даромад дошта, ҷамъан дороияш ба 242 миллиард доллар расидааст.
Бернард Арно бо 198 миллиард доллар дар мақоми дувум ва Ҷефф Безос бо 157 миллиард доллар дар мақоми севум қарор дорад.
Дар ин бора шохиси "Bloomberg Billionaires Index", ки ба он 500 шахси сарватмандтарини сайёра шомил мешавад, хабар дода шудааст.
Дороии миллиардерҳои ҷаҳон дар шаш моҳи имсол 852 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. "Bloomberg" мегӯяд, ҳар як миллиардер рӯзона 14 миллион доллар даромад ба даст овардааст.
Алишер Усмонов, ки ба рӯйхати сарватмандтарин шахсони дунё шомил аст, дар нимсол 564 миллион доллар даромад доштааст. Усмонов бо 19 миллиард доллар дороии худ дар раддабандии мазкур дар мақоми 93-ум ва дар Русия дар мақоми 6-ум аст.
Ҳаҷми умумии миллиардерҳои Русия 32 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.