Ҷасади ду муҳоҷири кушташудаи тоҷикро дар Файзобод ба хок супурданд
Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикеро, ки дар як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав кушта шуданд, дар зодагоҳашон ноҳияи Файзобод ба хок супориданд.
Қурбониёни ҳодиса, Далер Тағойзода, сокини 28-солаи деҳаи Фатҳобод ва Далер Юсуфзода, сокини 31-солаи деҳаи Муминободи ноҳияи Файзобод будаанд.
Наврӯз Нуриддинов, раиси ҷамоати шаҳраки "30-солагии Истиқлол"-и ноҳия 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт «ҷасадҳоро шоми дируз ба Тоҷикистон оварда, субҳи имруз ба хок супориданд».
Ин ду нафар дар як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав аз зарби корд ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия, рузи 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ин занозании гуруҳӣ даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат карда, ду нафар кушта шуданд ва ду тан аз гумонбарон дар ҷустуҷу қарор доранд.
Ширкатдорони дигари ин муноқишаи хунинро Кумитаи тафтишотии минтақаи Чехов боздошт кардааст. Раёсати минтақавии Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса парванда боз карда, таҳқиқот идома дорад.