11 қурбонии обхезии шадиде дар Гурҷистон. ВИДЕО
Дар шаҳри Шовии Гурҷистон дар паи обхезиҳои шадиде дастикам 11 нафар куштаву 25 нафар нопадид шудаанд. Президент Саломе Зурабишвилӣ ба оилаҳои қурбониҳои офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Зурабишвилӣ аз мардуми Гурҷистон хост, ки “дар ин рӯзи фоҷеа... барои ёрӣ ба ин мардум муттаҳид шаванд”. Шовӣ макони маъруфи истироҳатӣ аст, ки бо оби маъданаш маъруф аст. Рӯзи 3 август обхезиҳо шадиде зербиноҳои маҳаллӣ, аз ҷумла кӯпруку роҳҳоро хароб кард.