“65 ҳазор гирифт, 68 ҳазор дод.” Мансабдори муттаҳам ба фасод бо ҷарима раҳо шудааст
Иқболи Неъматулло, собиқ мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми кор дар ин мақом бо иттиҳоми ришвахориву сӯистифода аз вазифа боздошт гардид, бо пардохти танҳо се ҳазор сомонӣ бештар аз маблағе, ки ҳамчун пора гирифта буд, раҳо шудааст.