Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ боз се медал гирифтанд

0
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ боз се медал гирифтанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус ҷараён дорад, бо касби 6 медал (1 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо мақоми даҳумро соҳиб шудааст.

Дар рӯзи шашуми рақобатҳо – 9-уми август – варзишгарони тоҷик дар риштаи куштии озод ду медали биринҷӣ ва дар бокс як нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар сабқати куштии озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило ҷойҳои севумро гирифтанд. Дар риштаи бокс Ҳангома Исоева дар вазни то 57 кило барои мақоми севум бо медали биринҷӣ сарфароз мегардад.  

Аз ин пеш Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра мукофотонида шуда буд. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуд. Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило соҳиб гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд рақобат мекунанд. Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо дар риштаи самбо низ имкон доранд, ки медал бигиранд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар шаш рӯзи бозиҳо 153 медал (77  тилло, 50 нуқра ва 26 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро азони худ кардааст.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Беларус бо касби 122 медал (27+24+64) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 48 медал (9+13+26) дар ҷойи севум мебошанд.

Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (7+9+17), Арманистон (1+1+4), Қазоқистон (0+6+12), Туркманистон (0+3+6), Ветнам (0+2+1) ва Қирғизистон (0+1+8) дар байни даҳгонаи аввал пеш аз Тоҷикистон қарор доранд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, варзишгарони 9 кишвари ИДМ  (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок менамоянд.   

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудааст.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Ӯзбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы





Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Певец Лоза заявил, что Влада Листьева убили из-за денег




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


Даниил Медведев

Медведев с трудом одолел 121-ю ракетку мира на турнире в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Создатель батальона "Вега" Панфёров обратился к новому министру обороны России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России