Пирӯзии "Истиқлол" ва "Кӯктош", бохти "Равшан" дар даври 16-уми мусобиқоти лигаи олӣ
Бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 8-9-уми август баргузор шуданд. Се бозӣ бегоҳи сешанбе ва ду бозии дигар бегоҳи чоршанбе доир гардиданд.
8-уми август «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. «Равшан»-и Кӯлоб аз дастаи мизбон - «Хатлон»-и Бохтар - бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. КМВА (Клуби марказии варзишӣ)-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо «Ҳосилот» –и Фархор бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Ду бозии дигари даври 16-ум рӯзи 9-уми август доир гардид. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Инчунин «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко бо касби 33 имтиёз аз 15 бозӣ дар мақоми аввал аст.
«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (сармураббиаш Аҳлиддин Турдиев), ки баъди 16 бозӣ 29 имтиёз гирифтааст, дар мақоми дувум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб (сармураббиаш Тоҳир Муъминов), ки аз 16 бозӣ 25 имтиёз дорад, мақоми севумро соҳиб шудааст.
Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 12-13-уми август баргузор мешаванд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023
Лигаи олӣ. Даври 16-ум
«Хатлон» – «Равшан» – 2:1
Голҳо: Крис Эммануэл Какоу, 32 (1:0). Тоҳирҷон Тағойзода, 45+3 (2:0). Ҷозеф Акомади, 82 (2:1).
8 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобин.
КМВА – «Ҳосилот» – 0:0
8 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 5:0
Голҳо: Сенин Себаи, 28 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 74 (2:0). Алиҷони Айнӣ, 79 (3:0). Ҳамадонӣ Камолов, 84 (4:0). Алишер Ҷалилов, 90+1 (5:0).
8 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.
«Хуҷанд» – «Эсхата» – 4:3
Голҳо: Рамазон Наниев, 23 (1:0). Дилшод Бозоров, 29 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 66 (3:0). Ҳоҷӣ Абдуманнон, 81 (3:1). Парвизҷон Алиев, 83 (4:1). Бахтиёр Зарипов, 88 (4:2). Роман Хибаба, 90 (4:3).
9 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4500 тамошобин.
«Кӯктош» – «Файзканд» – 4:0
Голҳо: Анани Жулиус Кваси, 45+2 (1:0). Сундая Лонжи Сонг, 50 (2:0). Муҳиддин Одилов, 56 (3:0). Анани Жулиус Кваси, 85 (4:0).
9 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Тӯбҳо
И
1
«Истиқлол» (Душанбе)
15
10
3
2
38-7
33
2
«Кӯктош» (Рӯдакӣ)
16
9
2
5
29-20
29
3
«Равшан» (Кӯлоб)
16
6
7
3
20-13
25
4
«Файзканд» (Восеъ)
16
6
6
4
23-20
24
5
«Эсхата» (Хуҷанд)
16
7
1
8
20-25
22
6
“Хуҷанд (Хуҷанд)
16
5
6
5
17-23
21
7
КМВА (Душанбе)
15
4
6
5
11-10
18
8
«Ҳосилот» (Фархор)
16
4
4
8
11-19
16
9
«Хатлон» (Бохтар)
16
5
0
11
10-31
15
10
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)
16
3
5
8
15-26
14
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») - 8 тӯб, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд»), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 7-тӯбӣ.
Даври 17-ум
12 август (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Ҳосилот» – «Кӯктош»
«Эсхата» – «Хатлон»
13 август (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Файзканд» – «Истиқлол»
«Равшан» – КМВА
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»