Вазир ширкати ду корманди пешинаи ВКД-ро дар рабудани Исматуллоев тасдиқ кард
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҷинояти марбут ба рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ду корманди собиқи ВКД ширкати фаъолона доштаанд. Раҳимзода дар ин бора 11-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат кард.