Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Мубодилаи зиндониён миёни Амрико ва Эрон

0
Мубодилаи зиндониён миёни  Амрико ва Эрон

Мақомоти Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа аз мубодилаи зиндониён миёни ду кишвар хабар доданд. Ба асоси созиши ду тараф, бар иловаи озодсозии зиндониён, раванди озодсозии чанд миллион доллар аз дороиҳои бандмондаи Эрон оғоз мешавад. Тибқи иттилои бархе расонаҳо, дороиҳои Эрон, ки бар асоси ин созиш озод мешавад, 6 миллиард доллар хоҳад буд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон субҳи ҷумъаи 11-уми август тасдиқ кард, ки чанд шаҳрванди дутобеиятии боздоштшудаи амрикоӣ дар Эрон ва дар муқобил чанд эронии муттаҳам ба "давр задани таҳримҳо" дар Амрико, озод шуданд.

Ҳамзамон намояндагии Эрон дар СММ низ рӯзи панҷшанбе "хабари хуруҷи зиндониёни дутобеиятӣ аз зиндони Эвини Теҳронро тасдиқ кард.

Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар "Тветтер" аз "оғози раванди озодсозии чанд миллиард доллар аз дороиҳои Эрон" хабар дод ва бидуни ишора ба интиқоли шаҳрвандони дутобеиятии боздоштшуда дар Эрон ба хориҷ аз зиндони Эвин, ба "озодсозии чанд эронӣ"-и зиндонӣ дар Амрико низ дар ин раванд, ишора кард.

Оқои Боқирии Канӣ афзуд, "Эрон замонати лозимро барои пойбандии Амрико ба ваъдаҳои худ" дар бораи "озодсозии чанд миллион доллар" аз дороиҳои бандмондаи худро дарёфт кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки "озодии чанд эронӣ", ки "дар Амрико боздошт шуда буданд, дар ин чорчӯб сурат мегирад".

Ҳамзамон матни паёми твиттерии Алӣ Боқирии Канӣ айнан дар баёнияи субҳи ҷумъаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломӣ низ такрор шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар ин баёния гуфтааст, "озодсозии манбаъҳои молии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ғайриқонунӣ ва ба баҳонаи нигаронии бонкҳои хориҷӣ" аз таҳримҳои ИМА "масдуд шуда ё истифода аз онҳо сахт шудааст, ҳамвора дар дастури кори Вазорати умури хориҷӣ қарор доштааст".

Баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба маблағи "манобеи молӣ" ишорае накардааст, аммо афзуд, "ин пул баъд аз озодсозӣ барои ниёзҳои гуногуни кишвар тибқи салоҳдиди ниҳодҳои зидахл истифода хоҳад шуд".

Ин баёния ҳамчунин ба оғози "озодсозии зиндониёни эронӣ", ки бо иттиҳоми "давр задани таҳримҳо" дар Амрико боздошт ва зиндонӣ шуда буданд, ишора карда, ба интиқоли шаҳрвандони амрикоӣ низ ишора намудааст. "Зиндониёни мавриди назари Амрико дар Эрон ҳузур доранд",-омадааст дар ин баёния.

Намояндаи Эрон дар СММ гуфтааст, ки ин раванд дар чаҳорчӯби як созиш бо миёнаравии кишвари савум сурат гирифтааст, то ҷонибҳо 5 зиндонии мавриди назари якдигарро озод кунанд.

ИРНА -- хабаргузории расмии Эрон таъкид кардааст, ки "дар иҷрои ин тавофуқ, қарор аст зиндониёни Эрон дар Кореяи ҷанубӣ озод ва ба кишвари Қатар интиқол дода шаванд".

Ҳамзамон намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон аз интиқоли зиндониёни амрикоӣ ба берун аз зиндони Эвин истиқбол кард ва гуфт, "мо аз хабари имрӯз дар бораи интиқоли панҷ шаҳрванди амрикоӣ аз зиндон ба ҳабси хонагӣ дар Эрон истиқбол мекунем".

Вай афзуд, "то вақте, ки панҷ шаҳрванди амрикоӣ битавонанд Эронро тарк кунанд ва ба азизонашон бипайванданд, ором нахоҳем гирифт".

Ҳамзамон Энтони Блинкен, Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки ИМА бинобар созише, ки қарор аст боиси озодии панҷ зиндонии амрикоӣ дар Эрон шавад, таҳримҳои худ алайҳи Ҷумҳурии исломиро коҳиш нахоҳад дод.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы





Москва

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Антонио Вивальди

30 мая «Времена года» Антонио Вивальди прозвучат в Эрмитаже




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


WTA

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат



Новости Крыма на Sevpoisk.ru