Қирғизистон таблиғи ҳамҷинсгароиро манъ кард
Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов қонун дар бораи амнияти иттилоотии кудаконро имзо кард, ки таблиғи робитаҳои ҷинсии “ғайрианъанавӣ”-ро низ дар он кишвар манъ мекунад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, дар қонун ҳамчунин маълумоте, ки дар он нишонаҳои инкори арзишҳои хонаводагӣ ва анъанавии иҷтимоӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба хешовандон дида мешавад, барои кудакон зараровар шумурда шудааст.
Илова бар ин, қонун ташвиқи кудакон ба худкушӣ, истеъмоли маводи мухаддир, тамоку, машрубот, қиморбозӣ, танфурӯшӣ ва талбандагиро манъ мекунад.
Он ҳамчунин "сафед кардани амалҳои ғайриқонунӣ", дашном, порнография ва бераҳмӣ нисбат ба одамону ҳайвонҳоро манъ кардааст.