"Ба суистифода аз мансаб гунаҳкор, аммо бо ҷарима озод шуд" ВИДЕО
Зафар Қодирзода, додраси собиқи Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба сохткорӣ ва суистифода аз мансаб гунаҳкор карда, бо беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима раҳо намудаанд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта додраси вилоят таъин ва баъд аз чор моҳ боздошт шуд.