Юсуф Раҳмон гуфт, ки чаро Холиқзодаро дастгир карданд
Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино, дастгир шуда, ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" (қисми дуи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро дар назар дорад.