Санҷиши муҳоҷирон ё фишори Русия ба Тоҷикистон?
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Русия бо гузарондани амалиёти зидди муҳоҷирон ба Душанбе фишор наовардааст. Баъд аз моҳи майи имсол мақомоти Русия садҳо муҳоҷири кориро боздошту латукӯб карда, иддаеро аз қаламрави ин кишвар ронданд.