Афзоиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯзишворӣ гаронтар шудааст. Аз ҷумла арзиши гази моеъ дар вилояти Суғд то ба 5 сомониву 30 дирам ва дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон ба 5 сомониву 50 дирам баробар шудааст. Дар ҳоле, ки ҳафтаи пеш нархи як литри ин навъи маводи сӯхт 4 сомониву 80 дирам буд. Дар нархи бензин ҳам то андозае тағйирот ба чашм мехӯрад.
Бензини навъи 92 наздики 10 сомонӣ ва навъи 95 аз 10,20 сомонӣ то 10,40 сомонӣ расидааст. Соҳибкорон болоравии нархро ба давлатҳои истеҳсолкунанда рабт медиҳанд. Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти коркарди нафт, газу бензинро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон мегирад.