Ҷабборов раиси нави “Мекендеш”-ро дар Тоҷикистон таъин кард
Бо як қарори президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров), Рустам Исоқов раиси маркази фарҳангию миллии “Мекендеш” дар Тоҷикистон таъин шудааст. Қароре, ки 15 август нашр шуд, исми ҳама раҳбарони нави ҷамъиятҳои қирғизистониҳо дар кишварҳои хориҷиро дар бар мегирад.
Маркази “Мекендеш” соли 2011 дар шаҳри Душанбе таъсис шуда, бо фаъолиятҳои бештар фарҳангию иҷтимоӣ ва кӯмак дар сарҷамъ овардани қирғизистониҳои Тоҷикистон сарукор доштааст.
Матбуоти расмии Қирғизистон бо нашри ин хабар мегӯяд, бо қарори Ҷабборов, ҳайати аксар созмонҳои ҷамъиятии узви Шӯрои иртибот бо ҳамватанон дар хориҷа нав шудааст.
Вазифаи созмонҳои миллӣ дар хориҷа огаҳӣ ва расидагӣ ба зиндагиву кор ва мушкилу тафреҳи қирғизистониҳо буда, дар ҳамкории зич бо ҳукумати кишвар дар Бишкек ва ҳам сафоратҳои Қирғизистон амал хоҳанд кард.
Тоҷикистон ва Қирғизистон - ду ҳамсояи наздик баъди муноқишаҳои мусаллаҳонаи пурқурбонӣ дар солҳои 2021 ва 2022 равобити фарҳангию иҷтимоиро боздоштаанд. Вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон расман манъ мебошад.