Парвозҳо бо Тошканд, сафорат дар Ашқобод... Тавсеаи ҳамкориҳои Венгрия бо Осиёи Марказӣ
Фардо, 20-уми август парвозҳои мустақими миёни шаҳрҳои Тошканди Узбекистон ва Будапешти Маҷористон ё Венгрия шурӯъ мешаванд. Чунин мувофиқа бар асоси созишҳои байнидавлатии Узбекистон ва Маҷористон ҳосил шудааст, ки қарор кардаанд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши саноату иқтисод тақвият диҳанд. Петер Сийарто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон, ки 18-уми август дар як нишасти хабарӣ дар Будапешт сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт:
“Мо дар садади имзои созишномаи парвозҳои ҳавоӣ ҳастем. Аввалин ҳавопаймо аз Тошканд рӯзи 20-уми август дар Будпешт фуруд меояд. Аз миёнаҳои сентябр ҳафтае ду бор миёни Тошканд ва Будапешт парвозҳои мустақим сурат мегиранд. Ва аз оғози соли нав ҳафтае се бор хоҳанд шуд”.
Сийарто ин ҳарфҳоро дар остонаи мулоқотҳои баландпояи раҳбарияти Маҷористон бо президентони кишварҳои туркзабон баён кард, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик дар Будапешт гузаранд. Дар ин ҷаласаҳо, аз ҷумла, президентони Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок хоҳанд кард.
Сийярто, ки аз дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекард, гуфт, бар асоси созиши сиёсии ҳосилшуда бо Туркманистон қарор аст сафоратхонаҳои ду кишвар дар Будапешт ва Ашқобод боз шаванд. АП менависад, мунаққидон ҳукумати амалкунандаи Маҷористон таҳти раҳбарии нахуствазир Виктор Орбанро барои равишҳои ғайридемократӣ, мавқеъгирии хашинаш дар муқобили ҳамкорони ғарбӣ ва ҳамкориҳои наздик бо низомҳои худкомаву поймолкунандаи ҳуқуқи инсон интиқод мекунанд.
Маҷористон як шарики Тоҷикистон ҳам ба ҳисоб меравад ва миёни ду кишвар машваратҳои сиёсӣ доир мешаванд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар соли 2021 камтар аз як миллион долларро ташкил додааст.