Ҷаҳонгир Маҷидов дар Гран-прии ҷудо дар Хорватия мағлуб шуд
Дар мусобиқоти байнулмилалии ҷудо “Zagreb Grand Prix 2023”, ки дар шаҳри Загреби Хорватия шоми имрӯз, 20-уми август, ба поён мерасад, паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.