"Хуҷанд" аз "Марв" шикаст хӯрд ва ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ наёфт
Дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон, ки дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC-2023/24 аз бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот маҳрум гашт. Ин бозӣ 22-юми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.