Арзиши хидмати ҳарбии алтернативӣ боло рафт. Сокинон чӣ назар доранд? ВИДЕО
Аз 1-уми сентябри соли 2023 арзиши хидмати ҳарбии алтернативӣ дар Тоҷикистон аз 28 ҳазору 560 сомонӣ ба 51 ҳазор сомонӣ боло меравад. Дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон расман нашр шудааст.