Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар сеюм аст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, бо 10 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо баъди Русия ва Куба мақоми сеюмро касб кардааст.