"Аз ду соҳибкор пора талаб кардааст." Анҷоми таҳқиқи қазияи раиси додгоҳ. ВИДЕО
Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд хабар доданд, ки парвандаи пурсарусадои Раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Додгоҳи Олӣ фиристодаанд. Дар ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки дар нимсолаи 2023 ин намоёнтарин ҳолати ришваситонии як мансабдори баландмақом аст, ки ошкор гардид.