Ҷузъиёти парвандаи додраси боздоштшударо шарҳ доданд
Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро шарҳ доданд. Дар ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки дар нимсолаи 2023 ин намоёнтарин ҳолати ришваситонии як мансабдори баландмақом аст, ки ошкор шудааст.