Муҳоҷири тоҷик дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ дорад" ВИДЕО
Баъди он, ки Британия аз Иттиҳоди Аврупо берун шуд, ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба бозори кори ин кишвар роҳ ёфтанд. Инак соли дуввум аст, ки зодагони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон дар корҳои мавсимӣ ва асосан дар киштзорҳои ин кишвар заҳмат мекашанд.