Имоми масҷиди Тошканд баъди танқиди "кешбэк" барканор шуд
Идораи мусулмонони Узбекистон 25 август хабар додааст, ки имоми масҷиди ба номи "Имом Тирмизӣ"-и шаҳри Тошканд Исоқҷон Бегматов аз мақомаш барканор шудааст.
Имом барои "як қатор изҳоротҳои баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ақидаҳои мухолиф ба фатвои уламо" барканор гаштааст.
Қаблан як видеои суханронии Бегматов дар Интернет нашр шуд, ки баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони узбекистонӣ ба бор овард. Руҳонии узбек дар ин суханронияш дар бораи низоми андозбандӣ ва "кешбэк" ҳангоми пардохтҳои онлайнӣ суҳбат мекунад.
Имоми масҷиди Тошканд қонуни баргардонидани "кешбэк"-ро зараровар барои соҳибони фурӯшгоҳҳо номидааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, соҳибкорон ҳангоми фурӯши мол ҳар қадаре аз дастгоҳҳои кассавӣ истифода кунанд, ҳамон қадар андоз месупоранд.
Идораи мусулмонони Узбекистон дар вокуниш ба изҳороти имом гуфтааст, суханҳои ӯ наметавонад мавқеи ин ниҳод бошад.