Вазири тоҷик дар Русия вазъи муҳоҷирон ва пайгарди "Дилшоди СБ"-ро баррасӣ мекунад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои баррасии вазъи будубоши муҳоҷирон ва дастгир кардани Дилшод Саидмуродов, гумонбар дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк”, ба Русия рафтааст. Дафтари матбуоти ВКД бо нашри хабарномае гуфт, Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев вомехӯрад.