11 медали Тоҷикистон дар Фестивали донишҷӯёни варзишгар
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мақоми шашумро соҳиб шудааст.